Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон додситон "Антибиотик"-ро ҳамроҳи хонаводааш боздошт карданд


Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, зидди муовини пешини додситони шаҳри Тошканд оид ба мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мушовири калони адлия Мираглам Мирзоеви 68-сола, мулаққаб ба "Антибиотик" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Як манбаъ дар ВКД Ӯзбекистон гуфт, дар доираи ин парванда писару ҳамсари Мирзоев -- Абдурашид Мирзоев, сардори пешини шуъбаи мубориза бо терроризму ҷиноятҳои муташаккили Хадамоти амнияти Тошканд ва Муҳаббат Ҳасанова, раҳбари Коллегияи адвокатҳои ноҳияи Юнусобод ҳам дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Мирзоев ва ҳамсару писараш дар доираи парвандае боздошт гаштанд, ки зидди додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров боз шудааст. Худи Қодиров 22 феврал дастгир шуда буд.

Дар доираи парвандаи Қодиров ҳамчунин Улуғбек Суннатов, муовини пешини додситони кул ва Ҷамшед Файзов, собиқ мушовири президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов дастгир шудаанд.

Мирзоеви калонӣ то чанде пеш яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон шумурда мешуд. Ӯ баъд аз танқидҳои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи 9 феврал аз мақомаш барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG