Ссылки доступа

VISA гуфт, хизматрасониро дар Туркманистон қатъ накардааст


Ширкати VISA хабарҳо дар бораи қатъи хизматрасонӣ дар Туркманистонро рад кард.

Аммо соҳибони кортҳои VISA дар Туркманистон мегӯянд, дар айни ҳол ба маблағҳои дар кортбуда дастрасӣ надоранд.

"VISA дар Туркманистон ба фаъолиятҳои пешинаш идома медиҳад. Мо хизматрасониро бо бонкҳои ин кишвар манъ накардаем ва бо бонкҳо, созмонҳои тиҷорӣ ва дигар ширкатдорони бозор ҳамкорӣ дорем", - гуфт Галим Табилдиев, як масъули ширкат дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз бонкҳои Туркманистон сар аз нимаи дувуми моҳи январ ба ин тараф амалиёти молиро тариқи кортҳои VISA қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG