Ссылки доступа

Марги шаш ӯзбекистонии дигар дар Қазоқистон (видео)


Дар натиҷаи садамаи нақлиётии рӯзи 1 март дар ҳудуди вилояти Мангистауи Қазоқистон шаш шаҳрванди Ӯзбекистон кушта шуд.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, садамаи мошини сабукрав бо мошини борбар субҳи 1 март рух дод.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҳамаи 7 мусофири мошини сабукрав ҳалок шуданд.

Шаш тан аз ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд, хабар медиҳад вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.

Пулис бо моддаи "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ" парванда боз кард.

Давоми ду моҳи ахир теъдоде аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Қазоқистон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG