Ссылки доступа

ИМА интиқоли маҷмааи мушакии Javelin-ро ба Украина тасдиқ кард


Департаменти давлатии ИМА интиқоли маҷмааи зиддимушакии Javelin-ро ба Украина тасдиқ кард. Ин маҷмаа 47 миллион доллар арзиш дорад.

Дар маҷмуъ, ба Украина 210 маҷмааи низомӣ фиристода хоҳад шуд. Дар изҳороти мақомоти мудофиаи амрикоӣ омадааст, "низоми Javelin ба Украина кумак мекунад, ки истиқлолият ва тамомияти арзиашро ҳифз намояд". ИМА бар ин назар аст, ки фиристодани маҷмааи Javelin ба Украина тавозуни низомиро дар минтақа ба ҳам нахоҳад зад.

Моҳи декабри соли 2017 ҳукумати президент Доналд Трамп фиристодани қисми аввали аслиҳаи мудофиавиро ба артиши Украина тасдиқ карда буд. Он замон хабар расида буд, ки Трамп тасмим дорад, интиқоли маҷмааи Javelin-ро низ тасдиқ кунад.

Ҳукумати пешини Амрико бо роҳбарии президент Барак Обама ҳарчанд дар низоъи байни Русия ва Украина аз Киев ҳимоят мекард ва зидди Москва таҳрим низ ҷорӣ карда буд, вале аз интиқоли аслиҳа ба артиши Украина худдорӣ меварзид.

Владимир Путин, президенти Русия пештар гуфт, интиқоли силоҳ ба Украина "вазъи Донбассро тағйир нахоҳад дод". Вале Путин афзуда буд, ки ҷудоихоҳони рӯ ба Русия метавонанд "ба минтақаҳои дигари низоъ" силоҳ интиқол диҳанд. Вай шарҳ надод, ки чиро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG