Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон дастур дод, ки васеъсозии гузаргоҳ бо суръат анҷом дода шавад.
Сар аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" дар вилояти Ӯши Қирғизистон навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин навбатпоӣ ба фаъол гардидани тиҷорат рабт дорад.
Моҳи сентябри соли 2017 Ӯзбекистон маҳдудиятҳои рафту омадро бо Қирғизистон бекор кард. 7 соли охир сокинони ду кишвар наметавонистанд пайвандонашонро дар ду тарафи марз бубинанд ва ё тиҷорат ба роҳ монанд.