Яке аз таҷаммуъгарон Рита Карасартова пеш аз баргузории тазоҳурот гуфт, як гуруҳи додрасҳоро номнавис кардаанд ва бо ирсоли рӯйхат аз президент барканории онҳоро дархост хоҳанд кард.
"Додрасҳоеро номнавис кардаем, ки соли гузашта фармоишҳои сиёсиро анҷом ё расонаҳоро мавриди таъқиб қарор додаанд ва ҳоло мехоҳанд додраси Додгоҳи олӣ бошанд. Аз президент талаб хоҳем кард, ки ба онҳо вазифа дода нашавад ва хоҳем дид, ки ӯ ваъдаҳои кардааш дар ҷаласаи Шӯрои амниятро иҷро хоҳад кард, ё не", - афзуд Карасартова.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 8 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш аз кори додрасҳо интиқод кард. "Бархе аз додрасҳо барқасдона раванди баррасиро дароз мекунанд ва гумонбарон маҷбур мешаванд, моҳҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонанд. На танҳо онҳо, балки наздикону пайвандонашон низ азият мекашанд. На бояд ба тақдири як одам ин қадар бераҳм буд. Ин нобахшиданист!", - изҳор дошт Ҷеенбеков.
Таҷаммуи фаъолон дар назди Додгоҳи олии Қирғизистон дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии президент Ҷеенбеков 5 март матни табрикоти ӯро бахшида ба Рӯзи кормандони низоми додгоҳӣ дар ин кишвар нашр кард.
"Кишвари мо ба як низоми додгоҳии қавӣ, одил ва мустақиле ниёз дорад, ки тавонад аз ҳуқуқу озодии конститутсионии сокинон ҳимоят карда, ба волоияти қонун эҳтиром бигузорад. Ҳадафи стратегии ислоҳоти додгоҳӣ низ ба вуҷуд овардани низоми додгоҳии боадолат аст", - омадааст дар матни табрикоти Ҷеенбеков.