Ссылки доступа

Дар шимоли Туркманистон аз маъюбон талаб доранд, корти пластикӣ бигиранд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон аз ин ба баъд нафақаи маъюбиро тавассути корти пластикӣ пардохт хоҳанд кард. Мақомот нафақахӯрони маъюбро аз ин навгонӣ огоҳ карданд.

"Дар кассаҳое, ки ба маъюбон нафақа пардохт мекунанд, аллакай эълон насб шудааст. Аз нафақахӯрон талаб карда мешавад, ки корти пластикӣ бигиранд", - гуфт як манбаъ аз Дашоғуз.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон гузариш ба пардохти ғайри нақдӣ ҷараён дорад. Дар он кишвар пардохти моҳона, нафақа, идрор, инчунин даромади деҳқонон тавассути корти пластикии бонкӣ пардохт карда мешавад.

Вале сокинони Туркманистон ҳангоми гирифтани маблағ аз бонкоматҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Дар бонкоматҳо маҳдудият ҷорӣ шуда, дар бархе ҳолат ин дастгоҳҳо маблағи кофӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG