Ссылки доступа

Бародари Гулмурод Ҳалимов аз мақомаш дар раёсати зиндонҳо истеъфо дод


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон истеъфои подполковник Саидмурод Ҳалимов, корманди Идораи маҳбасҳои кишвар ва бародари Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро қабул кардаанд.

Дар ин бора як манбаи огоҳ аз қазия дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ рӯзи 5 март гуфт, ки истеъфои бародари Гулмурод Ҳалимов охири соли 2017 сурат гирифт.

Саидмурод Ҳалимов тайи беш аз 20 сол ҳамчун нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кор мекард. Моҳи майи соли 2015 пас аз пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” Саидмурод Ҳалимов аризаи истеъфо навишта буд, вале раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ онро қабул накард.

Он замон мақомот гуфтанд, ки нисбати бародари Гулмурод Ҳалимов ҳеҷ мушкиле надоранд. Як манбаи огоҳ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 5-уми март гуфт, истеъфои Ҳалимов дар ҳоле пазируфта шуд, ки охири соли 2017 Додгоҳи олии Тоҷикистон се хеши наздики Ҳалимовро ба мӯҳлати аз 7 то 18 соли зиндон маҳкум кард.

Аъзои хонаводаи Ҳалимов рӯзи 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ боздошт шуданд. Алӣ Ҳалимов - бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо - бародарони Гулмурод Ҳалимов дар “зархаридӣ”, яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди “ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ” ва “муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ” айбдор шуданд. Ин се нафар дар ҳоле боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, бо чаҳор тан аз наздикони дигари Гулмурод Ҳалимов қасд доштанд, ба Афғонистон бираванд.

Тақдири худи Гулмурод Ҳалимов, дар ҳоли ҳозир номаълум аст. Вазорати дифои Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дод, ки Ҳалимов дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нирӯҳои ин кишвар дар Дайр-уз-Зори Сурия кушта шуд. Ӯ тобистони соли 2016 "вазири ҷанг"-и гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG