- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 5-уми марти 2018 (HD)
- Умед 88" дороиҳояшро ба фурӯш гузошт. Ширкати "Умед 88" ба хотири пардохти 171 миллион сомонӣ қарзи ин ширкат аз вазорати молия, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориашро дар саросари кишвар ба фурӯш гузоштааст. (видео)
- Оё вуруди антеннаҳои моҳвораӣ манъ мешавад? Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон ба пахши рақамӣ бигзаранд. Аммо гузариш ба диҷитал фаъолияти минбаъдаи шабакаҳои хусусиро зери суол бурда, эҳтимоли комилан таҳти назорати давлат қарор гирифтани телевизионҳоро бориз кардааст (видео)
- Нон дар Тоҷикистон фаровон мешавад. Нархи орд -- яке аз маводҳои асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон беш аз 20 дарсад арзон шуд. Ҳоло як халта орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои шаҳри Душанбе 130-135 сомонӣ нарх дорад. Чанде пеш як халта орди 50-килограмӣ 160-165 сомонӣ нарх дошт (видео)
- Дарахтони 5 ҳазор евроӣ дар маркази Душанбе. Дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз идома дорад. Барои зебо кардани шаҳр аз Аврупо дарахтоне овардаанд, ки баъзе 5 ҳазор евро арзиш доранд (видео)
- Терминалҳо боз аз кор мемонанд? Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи аксари низомҳои пардохтӣ ё терминалҳоро бозхонд карда, аз онҳо талаб кардааст, ки ҳамчун муассисаи бонкӣ сабти ном шаванд (видео)
- Марги адиби тоҷик дар фироқи фарзандон. Рӯзи 5-уми март дар деҳаи ба номи Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими дафни нависанда Равшани Ёрмуҳаммад баргузор шуд. Падари 76-солаи ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4-уми март дар Душанбе даргузашт (видео)
- Варзишгарони қазоқ дар чемпионати Осиё. (нигористон)
- Путин пайваст. Ин чӣ маъно дорад. Путин охирин шуда ба маъракаи пешазинтихоботӣ пайваст. Моҳҳои пешини қабл аз интихоботро нодида мегирифт ва ҳатто ба маросими пешбарии номзадияш наомад. (видеои Настоящее время)
- 5 рӯз бе гази русӣ: дар Украина чӣ чиз тағйир ёфт? (видео аз Директ)
- Шумораи 150: дар Қазоқистон барои хабар додан аз хушунати хонаводагӣ хати махсуси телефон таъсис доданд (видеои Настоящее время)
- 170 хонавода дар манзилҳои садамавӣ. Дар Петропавловск 170 хонавода маҷбуранд, дар манзилҳои садамавӣ ба сар баранд. (видео)
- «Дар 14-солагӣ шавҳар кард». Айтурхон бо се фарзандаш дар кӯча мондааст. (видео аз Директ)
- Милитсия ба пулис. Ислоҳот ё тағйири навбатии лавҳаҳо? (видео)
- Танзим дар Ӯзбекистон. Президенти Ӯзбекистон танзими худро роҳандозӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ин гуна танзим 10 сол аст, ки амал дорад (видео)
- Нахустин корвони ёрии башардӯстонаи "Ҳилоли аҳмар" ба Ғутаи Шарқии Сурия ворид шуд (видеои Настоящее время)
- Филми "Шакли об" чаҳор ҷоизаи "Оскар"-ро соҳиб шуд. (видео аз Директ)
- «Ташаббусҳои иҷтимоӣ» бе ёдоварӣ аз сиёсат (видео)