Ссылки доступа

Зидди додситони кулли пешини Ӯзбекистон дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят карданд (садо)


Як гуруҳи махсус аз Додситонии кулли Ӯзбекистон тамоми марказҳои савдо ва ширкатҳоеро, ки эҳтимол дорад, ба додситони кулли пешини ин кишвар рабт доранд, тафтиш карда, молу мулки ӯ ва аъзои хонаводаашро рӯйхат мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, санҷишҳо дар "Инфинбонк", шабакаи фурӯшгоҳҳои "Flagman" ва Кумитаи давлатии гумруки ин кишвар идома доранд. Аллакай баъзе аз сокинон шикоят кардаанд, ки Қодиров ба онҳо дар ҳаҷми ним милллиард доллар зарар расондааст.

Дар доираи санҷишҳои сартосарии мазкур мудири шабакаи фурӯшгоҳҳои "Flagman" ва як масъулини пешини Кумитаи гумруки Ӯзбекистон, ки ғайриқонунӣ анборҳои кумитаро дар ихтиёри хонаводаи Қодировҳо гузоштааст, боздошт шуданд. Соҳиби "Инфинбонк" мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

Як манбаи огаҳ аз низоми бонкии Ӯзбекистон гуфт, соҳиби "Инфинбонк" Фарҳод Мамаҷонов дар "шустушӯ"-и пулҳои Рашид Қодиров айбдор мешавад. Манобеъ мегӯянд, Мамаҷонов маҷбур шудааст, пулҳоеро, ки Қодиров ғайриқонунӣ ба воситаи бонки ӯ дуздида ба бонкҳои Дубай, Рига ва Швейтсария интиқол дода буд, ба давлат баргардонад.

Як манбаи дигар дар ВКД Ӯзбекистон 3 март гуфт, муфаттишони Додситонии кул аз соҳибкороне баёнот гирифтанд, ки қаблан "маҷбур" буданд, ба Рашид Қодиров "пора ё туҳфаҳои гаронарзиш" бидиҳанд.

Зидди Қодиров бо бандҳои "Тамаъҷӯӣ", "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" ва "Гирифтани пора" парванда боз шуда, тамоми молу мулки ӯ, аз ҷумла мошин ва хонаҳои марбут ба хонаводааш рӯйхат шуданд.

XS
SM
MD
LG