Ссылки доступа

Бунёди ҳамгироии исломӣ ба бахши маорифи Қирғизистон $100 ҳазор медиҳад


Сафири Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ Абдулатиф Ҷумъабоев бо мудири иҷроияи Бунёди ҳамгироии исломӣ Иброҳим бин Абдулло Ал-Хузеймӣ мулоқот кард. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои ин ниҳод, ҷонибҳо ҳамкориҳои минбаъдаи бахши маориф, аз ҷумла ҷудо кардани маблағ ба лоиҳаҳои бахши маорифи Қирғизистонро баррасӣ карданд. Ал-Хузеймӣ хабар дод, ки роҳбарияти Бунёди ҳамгироии исломӣ тасмим дорад, соли ҷорӣ ба Қирғизистон дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА кумак расонад.

Дар мавриди таъсиси Бунёди ҳамгироии исломӣ дар саммити севуми Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар соли 2005 тасмим гирифта шуда буд. Ин бунёд дар доираи Бонки рушди исломӣ таъсис шуда, ҳадафаш аз байн бурдани фақр, рушди истеҳсолии кишварҳои узви созмон, маҳви бесаводӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо аст.

Пештар аз ин бунёди мазкур ба Қирғизистон кумак расонидааст.

XS
SM
MD
LG