Ссылки доступа

Путин гуфт, 400 ҷосуси хориҷиро ошкор карданд


Президенти Русия Владимир Путин аз мақомоти кишвараш талаб кард, ки аз кӯшишҳои ҷосусони хориҷӣ барои дарёфти маълумоти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ пешгирӣ кунанд.

Ӯ 6 март дар коллегияи Хадамоти федеролии амнияти Русия суханронӣ карда, гуфт, солҳои ахир ҷосусони хориҷӣ бисёр фаъол шудаанд.

Ба гуфтаи Путин, онҳо барои анҷоми корҳои худ аз замонавитарин усули зеҳниву техникӣ кор мегиранд.

Бино ба иттилои президенти Русия, соли гузашта дар ин кишвар фаъолияти 72 гумоштаи хадамоти иктишофӣ ва 397 ҷосуси мақомоти махсуси кишварҳои хориҷиро ошкор кардаанд.

Пештар Путин ФСБ-ро тавсиф карда буд, ки тавонист то замони паёми ӯ ба Маҷлиси федеролӣ маълумот дар бораи навтарин аслиҳаи Русияро пинҳон нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG