Ба гуфтаи Ҷеенбеков, бисёриҳо нигаронанд, ки вай хешовандони худ, аз ҷумла бародари хурдиаш Асилбек Ҷеенбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин хоҳад кард.
"Онҳо корҳои худро хуб пеш мебаранд. Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон -- Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам", - афзуд ӯ.
Ҷеенбекови хурдӣ раиси порлумони Қирғизистон буд, вале баъд аз сарвазир шудани бародараш Сооронбой аз мақоми худ истеъфо дод. Дертар Ҳизби ҳокими сотсиал-демократии Қирғизистон номзадии Сооронбой Ҷеенбековро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Асилбек Ҷеенбеков дар ҳоли ҳозир вакили порлумон аст.