Ссылки доступа

Зодаи Туркманистонро дар Туркия ба дуздии киберии 2,4 миллион доллар айбдор мекунанд


Расонаҳои Туркия аз дуздии ҳангуфте бо иштироки муҳоҷири туркманистонӣ хабар доданд.

Дар натиҷаи амалиёти мақомот як гуруҳ ошкор шуд, ки почтаҳои электронии ширкатҳои байналхалқии тиҷоратиро дар Истамбул шикаста, аз номи чунин ширкатҳо наздики 2,4 миллион долларро аз худ кардааст. Мақомот 14 гумонбарро боздошт кардаанд. Аз ин шумор 7 танашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Ба иттилои пулиси Истамбул, яке аз ин боздоштшудаҳо Нургозел Гуйҷова - шаҳрванди Туркманистон аст.

Бархе аз роҳбарони ширкатҳои тиҷорӣ ба мақомот шикоят карданд, ки почтаҳои электрониашон шикаста шуда, аз номи онҳо амалиёти молӣ анҷом шудааст. Мақомот дар пайи шикояти тоҷирон таҳқиқро шуруъ ва гуруҳи ҷиноиро шиносоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG