Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов гуфт, тағйирот иҷозат медиҳад, ки бори махсус аз Озарбойҷон тариқи баҳри Каспий ба ин кишвар ва аз онҷо бо роҳи оҳан тавассути Ӯзбекистон ба Афғонистон интиқол ёбад.
"Санади имзошуда бандҳои гузарномаи бандарҳои Актау ва Курикро комил хоҳад кард", - изҳор дошт Абдураҳмонов.
Ба огаҳии вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон, аз соли 2010 то кунун 13 ҳазор тонна бори махсус интиқол дода шудааст ва боркашҳои қазоқ аз ҳисоби он 200 миллион танга (беш аз 620 ҳазор доллар) даромад ба даст овардаанд.