Ссылки доступа

Туркманистон садҳо "буҷавӣ"-и худро ҷавоб медиҳад


Мақомоти Туркманистон тасмим гирифтаанд, ки дар як қатор ноҳияҳои ин кишвар шумори кормандони муассисаҳои давлатиро дубора кам кунанд.

Кормандони бахши маорифу фарҳанги ин кишвар бо ирсоли як номаи муштарак ба Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар доданд, ки қарор аст, ихтисори кормандон дар осорхона, китобхона ва марказҳои фарҳангии шаҳри Ишқобод сурат бигирад.

Ба гуфтаи муаллифони нома, шумори онҳое, ки ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод, ба беш аз ҳазор нафар расида, дар миёни онҳо садҳо омӯзгор низ ҳастанд.

Манобеъ дар вилояти Лебап гуфтанд, қарор аст, моҳи равон ихтисори кормандон дар ноҳияи Сакар сурат гирад. Кормандони бахши тандурустии ноҳияро аз ин тасмим аллакай огаҳ кардаанд.

Тирамоҳи соли гузашта масъулони бахши маориф, тандурустӣ ва фарҳанги Туркманистон гуфтанд, аз "боло" дастур гирифтаанд, то аз ҳисоби шахсони синнашон ба нафақа расида шумори кормандони худро кам кунанд.

Моҳи ноябри соли 2017 бахши обу корез ва нафту гази Туркманистон низ шумори зиёди кормандони худро ҷавоб дода буданд. Нозирони умур мегӯянд, ин ихтисори кормандони буҷавӣ ба вазъи буҳроние рабт дорад, ки иқтисоди Туркманистон дар натиҷаи поин рафтани арзиши манобеи энергетикӣ рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG