Ссылки доступа

Гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор"-и Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуд (видео)


Гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор", ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон мепайвандад, баъд аз шаш сол дубора боз шуд. Маросими кушодашавии он 7 март бо иштироки раҳбарони вилоятҳои ду кишвар баргузор гашт.

Ин гузаргоҳро шаш сол пеш, соли 2012 бо амри президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов баста буданд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар дар ду тарафи марз аз дидори хешовандонашон маҳрум шуданд.

​Зӯҳро Мардоева, сокини ноҳияи Шаҳритус 7 март гуфт, солҳо боз ба далели мушкили сафар наметавонист ба дидорбинии наздиконаш ба он тарафи марз биравад. “Роҳ баста буд. Шиносномаи хориҷӣ мепурсиданд. Шароит надоштам ва нарафтам. Дар Ӯзбекистон ду хоҳарам ҳаст, бародари шавҳарам ҳаст, янгаам ҳаст”, - гуфт ӯ.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, баъд аз кушодашавии гузаргоҳи "Гулбаҳор" сокинони назди марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд ба воситаи он бидуни даъватномаи расмӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ноҳияҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Бояд гуфт, гузаргоҳи “Гулбаҳор” яке дигар аз гузаргоҳҳои марзӣ аст, ки дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе боз мешавад. Дар рӯзи аввали моҳи март миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 гузаргоҳ, аксаран дар вилояти Суғд, ифтитоҳ шуданд.

То кунун аз 16 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ва гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар ноҳияи Масчо фаъол буданд.

Граница больше не на замке
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

XS
SM
MD
LG