Ссылки доступа

Ҳамоиши бонувони филмсози Осиёи Марказӣ дар Алмато


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон имрӯз ҳамоиши занҳои филмсози Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ҳамоиш наздики 20 филми кӯтоҳ ва 3 филми тӯлониро нишон медиҳанд.

Бисёре аз ин филмҳо аз сӯи занҳои коргардони Қазоқистон таҳия шудаанд. Дар ҳамоиш филмҳои коргардони қирғиз Наргиз Маматқулова, Хушнуда Шукурова ва Аниса Собирӣ аз Тоҷикистон, инчунин Умеда Аҳмадова аз Ӯзбекистон нишон дода хоҳад шуд.

Ҳамоиш бо баррасии мавзуи "Занҳо ва синамои Осиёи Марказӣ" ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG