Ссылки доступа

Дар Бишкек 1464 кило бешбармак ва 117 метр чучук омода карданд (видео)


Ҳадафи созмондиҳандагони чорабинӣ - ворид кардани калонтарин бешбармоқ ва чучук ба Китоби рекордҳои Гиннес ва инчунин тарғиби анъанаҳои миллӣ унвон мешавад. Чучук аз қазӣ ё равғани асп, гӯшти қабурға ва адвиёт дар оташи паст пухта мешавад.

Соли 2015 Остона бо омода кардани калонтарин бешбармоқ шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуда буд. Остона он замон 736,5 кило бешбармоқ таҳия кард.

Ҷамолбек Ирсалиев, созмондиҳандаи чорабинӣ дар Бишкек мегӯяд, акнун бешбармоқи қирғизҳо ба Китоби рекордҳо сабт хоҳад шуд.

Барои омода кардани ин миқдор бешбармоқ 12 деги 150-литрӣ истифода шуд.

Ин чорабиниро се созмон - "Оқ элечек", "Оқ калпак" ва "Қирғиз тилектешигӣ" роҳандозӣ карданд.

XS
SM
MD
LG