Ссылки доступа

Сардори пешини Раёсати зиндонҳои Ӯзбекистон боздошт шуд


Сардори пешини Раёсати зиндонҳои Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон полковники милитсия Абдукарим Шодиевро 9 март дар шаҳри Тошканд боздошт карданд.

Дар ин бора 12 март раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Ӯзбекистон Сурат Икромов иттилоъ дод.

Зидди Шодиеви 56-сола бо бандҳои "Сӯистифода ё берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" ва "Ба ҷавобгарӣ кашидани афроди бегуноҳ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Шодиев аз соли 1999 то соли 2018 Раёсати зиндонҳои Ӯзбекистонро раҳбарӣ мекард. Ӯ ахиран аз мақомаш барканор шуда, дар Академияи ВКД Ӯзбекистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт.

Гузоришгари махсуси СММ оид ба умури шиканҷа Тео ван Бовен соли 2003 дар гузориши худ гуфта буд, ки шиканҷа дар Ӯзбекистон хусусияти системавӣ дорад.

XS
SM
MD
LG