Ссылки доступа

Додситонӣ хост, тоҷири боздоштшудаи қазоқ 12 сол зиндонӣ шавад


Айбдоркунандаи давлатӣ хост, тоҷири боздоштшуда Муродхон Токмадиро, ки дар куштори "фармоишӣ"-и раиси пешини "Бонк ТуранАлем"-и Қазоқистон Ержан Татишев дар соли 2004 айбдор мешавад, 12 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Вале вакили дифои тоҷири қазоқ аз додрас дархост кард, ки ҳангоми содир кардани ҳукм фарзанди ноболиғ доштани шахси зери ҳимояаш ва "кумаки ҳамаҷонибаи ӯ барои ошкор шудани ҷиноят"-ро ба инобат гирифта, ҷазои сабуктаре таъйин кунад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, қарор аст, додгоҳ ҳукми Токмадиро 16 март эълом намояд. Пештар додгоҳи вилояти Ҷамбули Қазоқистон хоста буд, раиси пешини Кумитаи амнияти ин кишвар низ бозпурсӣ шавад.

Муродхон Токмадиро ба он айбдор мекунанд, ки гӯиё соли 2004 бо фармоиши Аблязов Татишевро куштааст. Худи Аблязов чанд моҳ баъд аз ин куштор ба ҷои Татишев раиси "Бонк ТуранАлем" таъйин шуда буд. Вале ӯ даст доштанашро дар куштор рад мекунад. Аблязов соли 2009, баъд аз милликунонии бонки зери раҳбарияш Қазоқистонро тарк кард ва ҳоло аз хориҷ мақомоти ин кишварро танқид мекунад.

Мақомоти қазоқ то тирамоҳи соли гузашта мегуфтанд, ки Татишев ҳангоми шикор дар як тасодуф ҷон бохтааст. Вале вазъ баъд аз боздошт шудани Токмадӣ бо гумони тамаъҷӯӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ тағйир ёфт. Ӯ ба воситаи телевизиони расмии Қазоқистон эътироф кард, ки куштори Татишев барқасдона ва фармоишӣ буд.

XS
SM
MD
LG