"Ин як сиркбозие дар порлумони Бритониё буд. Як маъракаи навбатии сиёсиву иттилоотиест, ки асосаш ҳангома аст", - иқтибос овардааст РИА Новости аз суханҳои Захарова.
Сухангӯи ВКХ Русия афзуд, Бритониё бояд шарҳ диҳад, ки қазияҳои пешин, аз ҷумла парвандаҳои Литвиненко, Березовский, Перепиличний ва бисёре аз дигарон чӣ гуна ба поён расиданд.
Сарвазири Бритониё 12 март гуфт, афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипалро бо маводи фалаҷкунандаи мағзи саре заҳролуд кардаанд, ки дар озмоишгоҳҳои Русия коркард шудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар ин тасдиқ шавад, кишвараш зидди Русия чораҳои иловагӣ хоҳад андешид.