Дар ин бора изҳороти муштараки президентҳои ду кишвар садо дод.
"Президентҳо ташкили гуруҳи кории муштаракро дар масъалаи пок кардани минтақаҳои наздимарзӣ аз мина ҷонибдорӣ карданд", - омадааст дар изҳорот.
Минтақаҳои наздимарзӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон баъди он минкорӣ шуд, ки дар соли 1999 як гуруҳи ҷангҷӯёни "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" талош карданд, тавассути пайраҳаҳои куҳии Тоҷикистон ба вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон бигзаранд.
Бино бар иттилои Маркази миллии Тҷоикистон дар масъалаи минаҳо, аз соли 1999 то 2011 дар минтақаҳои наздимарзӣ аз таркиши мина бештар аз 160 одам зиён дидааст, ки аз ин шумор 76 танашон кушта шуданд. Бино бар иттилои расмӣ, аз ҷониби Ӯзбекистон ҳам дар ин муддат 15 кӯдак ва 5 зан аз таркиши минаҳо фавтидаанд.