Ссылки доступа

ИА: Дар Тоҷикистон тамоюли манфии маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандӣ ҷараён дорад


Дар Брюссел мулоқоти шашуми аъзои Кумитаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 9 март барпо гардид, ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки стратегияи баъдии Иттиҳоди Аврупо бояд ба таври вижа сари масоили пешбурди ислоҳот, бозтар шудани ҷомеа, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили дигар тамаркуз кунад.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Завқӣ Завқиев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо иштирок кард. Дар иттилоияи Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст, ки ҷонибҳо “ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи бунёдиро ҳамчун бахши муҳими ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд”.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, дар Тоҷикистон як тамоюли манфии маҳдуд шудани фазои озодиҳои шаҳрвандӣ ҷараён дорад. “Иҷозаи пахши садоҳои мухталиф ва назарҳои сиёсиву демократӣ дар кишвар ба манфиати эътидоли дарозмуддат ва рушди иқтисодӣ мебошад”, - гуфта шудааст дар иттилоияи ИА.

Иттиҳоди Аврупо аз баргузории конфронси муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароиву хушунат истиқбол кардаст. Ин конфронс қарор аст моҳи май дар Душанбе баргузор шавад.

Музокироти Брюссел дар ҳоле баргузор шуд, ки созмони байналмилалии Human Rights Watch натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар масоили ҳуқуқи башар, ки октябри соли 2017 дар Душанбе ҷараён гирифт, интиқод карда буд. Дар остонаи ин нишаст созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд.

XS
SM
MD
LG