Ссылки доступа

Бо "карточка" ба Ӯзбекистон роҳ намедиҳанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 12-уми марти 2018 (HD)

- Бо "карточка" ба Ӯзбекистон роҳ намедиҳанд. Баъди шунидани хабари сафари 30-рӯзаи бераводид ба Узбекистон, даҳҳо нафар дар гузаргоҳи Сарбанд дар ноҳияи Спитамен бо умеди рафтан ба кишвари ҳамсоя ҷамъ омаданд. Аммо на ҳамаро роҳ доданд (видео аз Директ)

- Бургери "Березовский" ба душанбегиҳо. Дар маркази Душанбе тарабхонаи наве бо исми баҳсбарангези "Березовский" чашидани бургерҳои сангинро барои муштариҳо пешниҳод мекунад (видео)

- Ҳафтаномаҳо фақат таъриф накунанд, ҳақиқатро бигӯянд. Дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми март, Рӯзи матбуотро таҷлил карданд. Дар замоне, ки расонаҳо ба мушкилоти фаровону фишор рӯ ба рӯ ҳастанд. Мардум мегӯянд, мехоҳанд, дар рӯзномаҳо душвориҳои зиндагӣ инъикос шавад (видео)

- Шавҳари Шокираро куштанд, аслиҳаи шавҳарашро ба даст гирифту... Чанд соли пеш дар вилояти Қандаҳор шавҳари Шокира зани афғонро толибон қатл карданд ва ӯ бо 4 фарзандаш танҳо монд. Ҳоло Шокира тасмим гирифт, ки интиқоми шавҳарашро биситонад (видео)

- Осиё: обхезӣ дар Қазоқистон ва поксозии ҳукумат дар Қирғизистон. Дар шарқи Қазоқистон садҳо одам ба далели обхезӣ ба минтақаҳои бехавф кӯчонида мешаванд. Дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳбарони нав ҳукуматҳоро аз ҷонибдорони раҳбарони пешин тоза мекунанд. Сокинони деҳае дар наздикии Бишкек ба далели нақзи меъёрҳои санитарии роҳандозии тиҷорат хонаҳои худро тарк карданианд. (видео)

- Харобиҳо дар пайи обхезӣ. Дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ дар натиҷаи боришоти зиёд даҳҳо хона зери об монданд. (видео)

- Азаттик 65-сола шуд. Нахустин барномаи Радиои Азаттик 18 марти соли 1953 нашр шуда буд. (нигористон)

- Мо интихоботи Русияро дар Қрим эътироф намекунем – Могеринӣ. Муовини президенти Комисияи Аврупо, намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва амниятӣ Федерика Могеринӣ ва президенти Украина Петр Порошенко дар Киев нишасти хабарии муштарак баргузор карданд. Могеринӣ гуфт, ИА натиҷаи интихоботи президентии Русияро дар Қрими ишғолӣ эътироф намекунад. (видео аз Директ)

- Воропоев: Сабаби садама дар Маркази гармидиҳии Бишкек бештар аз фоҷиаи инсонист. Суҳбат бо раҳбари марказ Андрей Воропоев. (видео аз Директ)

- Бишкек барои ҷарроҳии кӯчаруб маблағ ҷамъоварӣ мекунад: вай ним соли дигар умр дорад (видеои Настоящее время)​

- Руслан Гаврилови дар Сурия кушташударо ба хок супурданд. Дар деҳаи Кедровое, дар наздикии Екатеринбург Руслан Гаврилов, яке аз ҷангиёни кушташудаи ширкати низомии хусусии Русия дар Сурияро ба хок супурданд. (видеои Настоящее время)​

- Ҷашнвораи роботҳои RobotoFest дар Бишкек (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG