Кормандони беморхонаи шаҳрии Москва ба номи Боткин мегӯянд, маоши онҳоро ду баробар зиёд кардаанд. Табибони Маркази таҳқиқотиву илмии бемориҳои чашми Москва ба номи Гелмголтс низ гуфтанд, маошашон 2-3 баробар афзудааст.
Ҳаҷми маоши омӯзгорони донишгоҳҳои Русия низ боло рафтааст. Ба ҳисоби фаъолони Донишгоҳи давлатии Москва, тамоми кормандони илмӣ ва омӯзгорони ин ниҳод назар ба моҳи гузашта панҷ баробар бештар музд гирифтаанд.
Дар Департаменти сиёсати иқтисодии Москва гуфтанд, ки маоши кормандон бар асоси "фармонҳои моҳи май" боло рафтааст. Бар пояи ин фармонҳо, маоши табибон, ходимони илмӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳо бояд аз ҳаҷми миёна 200 дарсад боло бурда шавад.
Владимир Путин моҳи майи соли 2012 ҳангоми корро ба ҳайси президенти Русия оғоз кардан 11 санадеро имзо кард, ки бо номи "фармонҳои моҳи май" маъруфанд. Онҳо ба беҳсозии сатҳи зиндагии сокинони Русия, аз ҷумла табибону омӯзгорон равона шудаанд. Путин дар нишасти хабарии моҳи декабри соли гузашта тасдиқ кард, ки ин фармонҳо 94% иҷро шудаанд.
Бино ба омори расмӣ, моҳи январи соли равон дар Русия маоши табибон 28% (то 72 ҳазор рубл), ходимони илмӣ 37% (то 87 ҳазор рубл) ва омӯзгорон 21% (то 77 ҳазор рубл) баланд шудааст.