Ссылки доступа

Трамп Тиллерсонро аз мақоми котиби давлатии ИМА барканор кард


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Президент Доналд Трамп котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсонро аз мақомаш барканор кард. Тиллерсонро дар ин вазифа Майк Помпео - раҳбари Идораи истихбороти Амрико иваз мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 13-уми март хабар дод.

Як мақоми баландпояи маъмурияти Кохи Сафед ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, Трамп рӯзи ҷумъа аз Тиллерсон хоста буд, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад.

"Майк Помпео, раҳбари истихборотӣ котиби давлатии нав мешавад, ӯ корҳои фантастикиро анҷом медиҳад! Ташаккур ба Рекс Тиллерсон барои хидматаш! Ҷина Ҳаспел раҳбарии Идораи истихборотро бар дӯш мегирад. Ба ҳама муборак бошад!",- навиштааст Трамп дар Твиттер.

Ҷина Ҳаспел дар Идораи истихбороти ИМА муовини Майк Помпео буд. Ӯ нахустин занест, ки дар ин мақоми калидӣ раҳбар мешавад.

Ҳафтаи гузашта Тиллерсон сафари кишварҳои африқоиро қатъ кард ва ба гуфтаи худаш бо далели корҳои "нотамом" ба Вашингтон баргашт.

Расонаҳои амрикоӣ борҳо навиштанд, ки муносибатҳои Тиллерсон бо Трамп сард шудааст. Коршиносон ва воситаҳои ахбори ом чанд бор истеъфои котиби ҳамакнун пешини давлатии ИМА-ро пешбинӣ карда буданд. Ба гуфтаи рӯзноманигорони амрикоӣ, Тиллерсон намехост аз мақоми котибии давлатӣ канор равад.

Бино ба иттилои телевизиони CNN, Тиллерсон аз твити Доналд Трамп хабар ёфтааст, ки ӯро барканор кардаанд.

XS
SM
MD
LG