Ба гуфтаи раҳбари Оҷонсии умури муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон Равшан Иброҳимов, мақомоти ин кишвар ҷуғрофиёи ҳамкориҳои байналмилалии худ дар бахши муҳоҷиратро тавсеа мебахшанд.
"Пештар муҳоҷиронро ба Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Лаҳистон мефиристодем. Ҳоло ҳамкориҳо дар ин бобат бо АМА оғоз шудаанд. Ҳамчунин талош дорем ҳамкориҳоро дар бахши муҳоҷират бо Олмон, Қазоқистон ва Салтанати Умон ба роҳ монем", - афзуд Иброҳимов.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Тошканду Анқара санадҳоеро имзо карданд, ки иҷозат медиҳад, муҳоҷирони кории Ӯзбекистон ба Туркия сафарбар карда шаванд. Ба ҷуз ин, оҷонсии мазкур тасмим дорад, имсол беш аз 50 ҳазор муҳоҷири ӯзбекро расман ба Русия фиристад.