Дар ин бора мудири пешини маркази гармидиҳӣ Нурлан Омурқул уулу изҳори назар кард. Ӯро баъди садама дар марказ аз мақом барканор карданд.
Нурлан Омурқул мегӯяд, одитарин асбоби сохтмонӣ - анбӯр - барои марказ гӯё бо арзиши 600 доллар харида шудааст. "Баъди он ки ҳисоботи умумиро дар ҳаҷми 386 миллион доллар талаб карданд, масъулон бо осемасарӣ чунин ҳисобот таҳия карданд", - гуфт вай.
Мудири пешин гуфт, дар марказ камераҳои назоратии оддӣ насб шудааст. Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи насби 128 дурбини назоратӣ хабар паҳн шуд, ки гӯё ҳар кадоми онро бо арзиши 14,5 ҳазор долларӣ харидаанд.
26 январи соли ҷорӣ дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек садама рух дод. Дар натиҷа биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бе гармӣ ва оби гарм монданд. Додситони кулли он кишвар баъди ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ кушод.