Аз номзадии Меркел 364 вакил ҷонибдорӣ карда, 315 тани дигар зид баромаданд. 9 вакил аз додани раъй худдорӣ карданд.
Иттиҳоди муҳофизакорони Меркел моҳи сентябри соли 2017 дар интихоботи Олмон бо соҳибии 34,70%-и курсиҳои Бундестаг пирӯзиро ба даст овард. Вале ин бадтарин натиҷа дар таърихи ҳизб шумурда шуд.
Ангела Меркел барои ташкили як ҳукумати эътилофӣ ним сол гуфтугӯ кард. Ӯ нахуст бо либералҳои Ҳизби озоди демократии Олмон вориди гуфтугӯ шуд, вале онҳо моҳи ноябри соли гузашта гуфтанд, ки назарашон бо Меркел ҳамсон нест. Вай ба Ҳизби сотсиал-демократии Олмон ба раҳбарии Мартин Шултс муроҷиат кард, ки ҷонибҳо моҳи январ барои ташкили ҳукумати нав ба созиш расиданд.