Ссылки доступа

Лондон Москваро ба нақзи конвенсияи силоҳи кимиёӣ айбдор кард


Шӯрои амнияти СММ бо дархости Бритониё дар як ҷаласаи изтирорӣ ҳамла ба афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро баррасӣ кард. Скрипалҳоро 4 март бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз маводи фалаҷкунандаи мағзи сар дар шаҳри Солсбери Бритониё пайдо карда буданд.

Намояндаи доимии Бритониё дар СММ Ҷонатан Аллен гуфт, Русия барномаи коркарди маводи фалаҷкунандаи мағзи сар - "Новичок"-ро, ки Скрипал ва духтараш аз он заҳролуд шудаанд, эълом накарда буд. Бинобар ин, Москва Конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро нақз кардааст. Ӯ гуфт, коркарди маводи мазкур раванди хеле мушкил аст, ки ҳукумати Русия наметавонад дар он даст надошта бошад.

Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ низ ҷонибдории кишварашро аз мавқеи Бритониё баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, масъулияти ҳамла ба Скрипал бар зиммаи Русия аст. Ҳейлӣ аз Москва даъват кард, ки дар рафти санҷиши заҳролудшавии афсари пешини рус ҳамкорӣ кунад.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя даст доштани Москваро дар ҳамлаи мазкур рад кард. Ӯ гуфт, Русия бо номи "Новичок" ҳеч гуна коркарди илмие нагузаронидааст. Ба гуфтаи дипломати рус, эҳтимол дорад, маводе, ки Скрипалро заҳролуд кардааст, дар Бритониё сохта шуда бошад. Вай афзуд, ки Русия мутобиқи Конвенсияи СММ аз Бритониё ҳеч гуна дархосте дарёфт накардааст ва Москва низ омодааст, дар таҳқиқи қазияи Скрипал бо Лондон ҳамкорӣ кунад.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй 14 март Москваро дар заҳролудшавии Скрипал айбдор карда, гуфт, 23 дипломати русро аз кишвараш ихроҷ хоҳад кард. Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки ин кишвар низ рӯзҳои наздик чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

XS
SM
MD
LG