Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон "ҷустуҷӯшавандаҳо"-и аз хориҷ баргашта таъқиб намешаванд


Раис ва роҳбарони мақомоти қудратии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аз ӯзбекистониҳои хориҷ даъват карданд, ки ба кишвар баргарданд. 12 март дар ҷаласае раиси вилояти Самарқанд Туроб Ҷураев дар ҳузури сокинон шахсан кафолат дод, ки шаҳрвандони аз хориҷ баргашта зиндонӣ нахоҳанд шуд.

Ойдин Раҳматова, сокини 62-солаи вилояти Самарқанд, ки дар ҷаласаи раиси вилоят ширкат дошт, мегӯяд, 5 сол инҷониб писараш Уткир Расуловро надидааст. Акнун баъди ваъдаҳои раис умедвор аст, ки ба зудӣ ба дидори писараш бирасад.

Уткир Расулов мегӯяд, мақомоти Ӯзбекистон ӯро баъди он ки дӯстонаш бо айбҳои мазҳабӣ зиндонӣ шуданд, таҳти пайгард гирифтанд. Расулов баъди ин аз Русия ба зодгоҳаш барнагашт ва ҳоло пас аз ваъдаҳои роҳбарияти Самарқанд тасмими баргаштанро дорад. "То кунун ман намедонам, ки чаро маро меҷӯянд ва ба чӣ айбдор мекунанд. Ҳоло мақомоти Самарқанд гуфтанд, ки маро сафед кардаанд ва даъват доранд, ки баргардам", - гуфт Уткир Расулов.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як суҳбаташ бо имомхатибон дар таърихи 15 июни соли 2017 гуфта буд, ки "рӯйхати сиёҳ"-и афроди мазҳабӣ бознигарӣ шавад.

XS
SM
MD
LG