Ссылки доступа

Рӯйхати мухолифони тоҷики "алоқаманд ба терроризм" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 15-уми марти 2018 (HD)

- Зарнигор мехоҳад футболбоз шавад. Як хонум аз шимоли Тоҷикистон мехоҳад футболбоз шавад, вале то ҳол ягон дастаи футбол ӯро даъват накардааст (видео)

- Донишманди ҷавони тоҷик компютерро дар зарбу тақсим бурд. Фаридун Раҳмонқулов, донишманди ҷавони тоҷик қобилияти зеҳние дорад, ки бисёре аз инсонҳо надорад. Ӯ метавонад, рақами 1000 ададиро дар ёд бигирад ва ба шумо бигӯяд. Мегӯяд, ки ин истеъдодро Худо ба ӯ додааст (видео)

- Рӯйхати мухолифони тоҷики "алоқаманд ба терроризм". Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро тартиб додааст. Ба ин феҳрист, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ таҳия шуд, 1372 шаҳрванди Тоҷикистон шомиланд (видео)

- Ҷонсон: Русия барои ҳамла ба Скрипал васила ва далел дошт. Вазири корҳои хориҷии Британия Борис Ҷонсон мегӯяд, Русия барои ҳамла ба Сергей Скрипал васила ва далел дошт (видео)

- Назари Борис Акунин ба Владимир Путин ва эҳтимоли пирӯзии ӯ дар интихобот. (видео)

- Ҳам аз шавҳари золим раҳо шуд ва ҳам шуғли дӯстдошта пайдо кард. Баъд аз ҳафт соли издивоҷи номуваффақ як зани қирғиз ҳам аз шавҳари золим раҳо шуд ва ҳам шуғли дӯстдошта пайдо кард. (видео)

- Осиё: Қирғизистон қарордодро бо Huawei бекор кард ва Ӯзбекистон мақомоти махсуси худро ислоҳ мекунад. Ҳукумати Қирғизистон қарордоди худро бо ширкати чинии Huawei дар бораи иҷрои тарҳи "Шаҳри ҳушманд" бекор кард. Номи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистонро иваз карданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бозиҳои бӯзкашӣ оғоз шуданд. (видео)

- Назарбоев ба Мирзиёев барои пешниҳоди баргузории мулоқоти раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Остона миннатдорӣ баён кард. (видео)

- Духтари "Салимбой" дар Москва маҷмуаи либосҳои навро намоиш дод. Нилуфар Абдувалиева – духтари олигархи машҳури ӯзбек ва муовини раиси Кумитаи олимпии миллии Ӯзбекистон Салим Абдувалиев, ки миёни сокинон бо лақаби "Салим бойбача" маъруф аст, дар Москва маҷмуаи нави либосҳоро бо матои миллӣ намоиш дод. (видео)

- Huawei Қирғизистонро тарк мекунад. Чаро тарҳи "Шаҳри ҳушманд" бе сармоягузор монд? (видеои Настоящее время)​

- Наздикону пайвандони қурбониёни "Норд-Ост" зидди фарзияи Путин. Владимир Путин соли 2002 шахсан дастур додааст, ки ба театри Дубровка ҳамла кунанд. Ӯ дар ин бора дар филми ҳуҷҷатии "Путин" изҳори назар кард, ки онро сухангӯи ситоди интихоботияш Андрей Кондрашов ба навор гирифтааст. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамла 130 гаравгон кушта шуданд. (видео аз Директ)

- Дар Вашингтон хонандагон назди Кохи сафед омаданд ва қатъи тирпаррониро дар мактабҳо талаб карданд (видеои Настоящее время)​

- Дар Москва ҳисоботи "Путин. Ҷамъбаст- 2018"-ро қироат карданд. Онро сиёсатмадорони мухолиф Иля Яшин ва Владимир Милов таҳия кардаанд. Ин гуна ҳисоботро қаблан сиёсатмадор Борис Немтсов омода мекард, ки се сол пеш кушта шуд. (видео аз Директ)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG