Ссылки доступа

ВКД Ӯзбекистон боздошти сардори пешини зиндонҳоро рад кард


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи боздошти сардори пешини Раёсати зиндонҳои ин ниҳод Абдукарим Шодиевро рад кард.

"Полковник Абдукарим Шодиев аз моҳи августи соли 2017 ба ин тараф фаъолияти худро ба ҳайси мудири яке аз кафедраҳои Академияи ВКД Ӯзбекистон идома медиҳад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Манобеъ 12 март хабар доданд, ки зидди полковники милитсия Абдукарим Шодиеви 56-сола бо бандҳои "Сӯистифода ё берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" ва "Ба ҷавобгарӣ кашидани афроди бегуноҳ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шодиев аз соли 1999 то соли 2018 Раёсати зиндонҳои Ӯзбекистонро раҳбарӣ мекард. Ӯ ахиран аз мақомаш барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG