Ссылки доступа

Қазоқҳои муҳоҷир зидди Чин тазоҳурот карданианд


Оралманҳо - қазоқҳое, ки бо даъвати ҳукумати Қазоқистон аз Чин ба ватани таърихии худ бозгаштаанд, мехоҳанд, дар шаҳри Алмато зидди таъқиби хешовандонашон дар Чин тазоҳурот барпо кунанд Ба гуфтаи онҳо, хешовандонашон дар ин кишвар зери фишоранд.

Оралманҳо рӯзи 30 март дар назди бинои шаҳрдории Алмато ҷамъ омада, аз раҳбарияти шаҳр талаб доранд, ки ба онҳо иҷозат дода шавад, то 8 апрел дар майдони назди кинотеатри "Сариарика" аз соати 11 то 17 тазоҳурот барпо кунанд.

Яке аз ин қазоқҳои аз Чин баргашта Давлатбек Ербол, ки ҳоло шаҳрвандии Қазоқистонро ба даст овардааст, гуфт, мақомоти Чин шиносномаи модари 75-солаи ӯро гирифтаанд ва пиразан наметавонад, ба Қазоқистон баргардад.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо бо баргузории тазоҳурот аз дипломатҳои чинӣ сабабҳои боздошт ва таъқиби шаҳрвандонро пурсиданианд. Ербол мегӯяд, як соли ахир наметавонанд, ба ин суолҳои худ аз мақомоти дахлдори Чин посух бигирад.

Дархости гуруҳро як масъули шаҳрдории Алмато Акерк Абдуқодиров қабул карда, гуфтааст, ки онро дар давоми 15 рӯз баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG