Ссылки доступа

Пешниҳоди ҷарима барои "беэҳтиромӣ" ба кулоҳи қирғизӣ


Дар Қирғизистон 2 апрел лоиҳаи тағйирот ба кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ ба муҳокимаи мардум гузошта шуд. Дар ин тарҳ барои "беэҳтиромӣ" ба кулоҳи қирғизӣ - оқ-қалпоқ - ҷарима пешниҳод шудааст.

Вакилони порлумон пешниҳод доранд, ки барои беэҳтиромӣ ба оқ-қалпоқ 20 нишондаҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин шавад.

Ибтидои соли ҷорӣ вакилони қирғиз гуфтанд, ба ин кулоҳи миллӣ мақоми рамзи фарҳангӣ дода шавад. Муаллифони тарҳи тағйирот ба кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ пешниҳод доранд, ки роҳбарони давлат ҳангоми мулоқот ва сафарҳои расмӣ "бо ҳадафи тарғиб ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ" ҳатман кулоҳи миллӣ ба сар кунанд. Бино бар ин тағйир, ба варзишкорон ҳам пешниҳод шудааст, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ин кулоҳро бипӯшанд.

Ин лоиҳаи қонун баъди он пайдо шуд, ки созмондиҳандагони либосҳои муд дар Қирғизистон чунин кулоҳро ба сари саг пӯшониданд. Фаъолони ҷамъиятӣ ин рафторро таҳқири мардум ва талоши барангехтани адовати миллӣ унвон карданд.

XS
SM
MD
LG