Ссылки доступа

Марк Зукерберг: Русия воситаҳои нави мудохиларо истифода бурд


Муассиси ширкати Facebook Марк Зукерберг гуфт, устуворона зидди гуруҳҳое аксуламал мекунад, ки аз тарафи Русия ҷонибдорӣ мешаванд ва талош меварзанд, шабакаи иҷтимоиро барои дахолат дар иинтихобот ва мудирияти афкори мардум истифода баранд.

Соҳиби 33-солаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар ин бора дар ҷаласаи Сенати ИМА рӯзи 11 апрел изҳори назар кард.

Зукербергро аз сӯистифодаи шабакаи вай дар давраи интихоботи президентии ИМА ва ҳифз нашудани иттилои шахсии корбарон ва муколамаҳои хушунатбори бархе аз корбарон суол карданд.

Бунёдгузори Фейсбук масъулияти муқобилат накардан ба ширкати Cambridge Analytica-ро бар уҳда гирифт. Ширкати Cambridge Analytica иттилои шахсии 87 миллион корбари Фейсбукро бо ҳадафи дахолат кардан дар корзори интихоботи президентии соли 2016 ҷамъоварӣ карда буд.

Зукерберг ҳамчунин эътироф кард, ки зидди иттилои носаҳеҳ, дахолати хориҷӣ ва таъсири "забони хушунатбор" ба шакаба чораҷӯӣ накардааст.

Муассиси Фейсбук дар Конгресси ИМА гуфт, "дар Русия одамоне ҳастанд, ки фаъолияташон аз истифодаи низоми мо ва дигар низомҳои интернетӣ иборат аст". Зукерберг ин падидаро "пойгаи таслиҳотӣ" номид.

Зукерберг хабар дод, тасмим дорад, то охири соли ҷорӣ шумори коргарони бахши амнияти иттилоотӣ ва таҳлилии Фейсбукро ба 20 ҳазор нафар расонад. Вай гуфт, ин имкон медиҳад, ки зидди хатарҳо мубориза бурд. Ба гуфтаи Зукерберг, Фейсбук кайҳост, аз шуури сунъӣ истифода мекунад ва ба ин тартиб, саҳифаҳои дурӯғинро шиносоӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG