Ссылки доступа

Илҳом Алиев курсии президентиашро ҳифз кард


Илҳом Алиев, президенти амалкунандаи Озарбойҷон дар интихоботи ғайринавбатии президентии кишвараш пирӯз шуд. Ин интихоботро нерӯҳои мухолифин таҳрим карданд.

Ба иттилои Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Озарбойҷон, шумориши 94 дарсади раъй нишон дод, ки Илҳом Алиев 86 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст. КМИР мегӯяд, дар интихобот 74,5 дарсади сокинони ҳаққи раъй ширкат карданд. Илҳом Алиев, ки соли 2003 сари қудрат омад, бори чаҳорум дар курсии президентӣ боқӣ хоҳад монд.

Созмони байналхалқии Human Rights Watch (HRW) мегӯяд, ин интихобот барои раъйдиҳандагон "интихоби воқеӣ"-ро фароҳам накард.

"Ман аз мардумам барои овоз додан ба дастовардҳову муваффақиятҳои мо сипосгузорӣ мекунам. Мардум барои субот, амният ва рушд раъй доданд", - гуфт Алиев баъд аз анҷоми интихобот.

Ҳизбҳои мухолифи Озарбойҷон дар раъдиҳӣ ширкат накарданд. Нерӯҳои мухолиф ба таҳрими интихобот даъват карданд ва гуфтанд, интизор доранд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ тақаллуб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG