Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон бо 2 ҳазор дурбин зиндониҳоро назорат мекунанд


Дар Ӯзбекистон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ 1814 дурбин, дар маҳбасҳои тафтишотӣ 123, дар қабулгоҳҳои махсус 25 ва дар марказҳои офиятбахшӣ барои афроди бесарпаноҳ 238 дурбин насб карданд. Дар ин бора Пулод Бобоҷонов, вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар дод.

Вазир мегӯяд, дурбинҳои назоратӣ барои пешгирӣ аз шиканҷаи ҷисмонӣ ва фишори равонӣ насб шудаанд.

Ба иттилои Пулод Бобоҷонов, дурбинҳои назоратӣ ҳамчунин имкон медиҳанд, ки аз эълони айбҳои беасос пешгирӣ шавад.

Гуфта мешавад, барои насби ин дурбинҳо аз бунёди ғайрибуҷавии вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон бештар аз 643 ҳазор доллар харҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG