Ссылки доступа

Муҳаммадҷавод Зариф дар раъси як "ҳайати сиёсӣ"-и Эрон ба Душанбе меояд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ), ба Тоҷикистон меояд. Ин нишаст 17 апрел дар Душанбе баргузор мешавад.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки Муҳаммадҷавод дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам навиштанд, ки ҳамоиши Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ баргузор мегардад. Дар доираи ин ҳамоиш, рӯзҳои 16-17и апрел дар "Боғи Ирам"-и Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ боз мешавад.

СҲИ як созмони минтақавии байнидавлатии иқтисодиест, ки соли 1985 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна таъсис ёфт.

Муҳаммадҷавод Зариф бори охир дар моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар он сафар оқои Зариф дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе иштирок намуд ва ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG