Ссылки доступа

Асет Матаев, рӯзноманигори зиндонии қазоқро ба маҳбаси сукунатӣ интиқол доданд


Додгоҳи шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон қарор кард, Асет Матаев, роҳбари зиндонии хабаргузории КазТАГ ба маҳбаси сукунатӣ интиқол дода шавад.

Хабар дода мешавад, ки додгоҳ "рафтори намунавӣ" ва пардохти ҷаримаҳоро аз сӯи Матаев ба эътибор гирифта ва чунин ҳукм содир кардааст.

Моҳи октябри соли 2016 додгоҳи шаҳри Остона Асет Матаевро бо айби "дуздии пулҳои буҷа" 5 сол зиндонӣ кард. Падари вай, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев низ бо айни ҳамин айб ва "саркашӣ аз пардохти андозҳо" шаш сол зиндонӣ шуда буд.

Падару писарро моҳи феврали соли 2016 боздошт карда буданд. Матаевҳо айбҳои эълоншударо рад мекунанд.

Баҳори соли 2017 ҳукми зиндони Саидқозӣ Матаев дар робита ба қонуни афв кам шуд. Охири соли 2017 вай шартан пеш аз муҳлат озод шуд.

XS
SM
MD
LG