Ссылки доступа

Раҳбари мухолифони Арманистон ба аз саргирии эътирозҳо даъват кард


Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян шаби 24 апрел ба воситаи саҳифаи шахсияш дар Фейсбук сокинони ин кишварро ба азсаргирии эътирозҳо даъват кард.

Ба гуфтаи Пашинян, мақомоти Арманистон талош доранд, аз истеъфои сарвазир Серж Саргсян сӯистифода карда, ҳукумронии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистонро ҳифз кунанд. Номзадии Саргсянро низ ин ҳизб пешниҳод карда буд.

Пашинян афзуда, ки 25 апрел занги иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Карен Карапетян, раиси порлумон Ара Бабалоян ва раиси ҷиноҳи аксарияти порлумон Ваграм Багдасарянро мунтазир мешавад.

Пештар Карен Карапетян гуфт, гуфтугӯи онҳо бо Пашинян, ки қарор буд, 25 апрел сурат бигирад, баргузор намешавад, чун дувумӣ ба таври якҷониба шартҳои нав ироа кардааст. "Вай рӯйхати афродеро пешниҳод кард, ки бояд аз ҷониби мо ширкат кунанд. Ҳамчунин гуфт, танҳо дар робита ба мавзуъҳои мавриди назари худ гуфтугӯ мекунад. Ин на гуфтугӯ, балки изҳори назари шахсӣ аст", - афзуд ӯ.

Мухолифони Арманистон 24 апрел бо намояндагони ҳукумати ин кишвар гуфтугӯ карданд. Пашинян дар суҳбат бо рӯзноманигорони хориҷӣ гуфт, аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон набояд ягон кас ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод шавад. Ба гуфтаи вай, давраи ҳукумронии ин ҳизб аллакай ба поён расидааст.

Никол Пашинян бори дигар бандҳои барномаи тағйири осоиштаи қудратро дар Арманистон такрор кард. Банди якуми барнома - истеъфои сарвазир Серж Саргсян аллакай иҷро шудааст. Бар пояи банди дувум, Маҷлиси миллии Арманистон акнун бояд "номзади мардум"-ро сарвазири нав интихоб намояд.

Серж Саргсян, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сарвазири Арманистон интихоб шуда буд, аз мақомаш истеъфо дод. Эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ 11 рӯз буд, ки дар Арманистон идома доштанд.

XS
SM
MD
LG