Ссылки доступа

Баррасии шеваҳои мубориза бо терроризм дар ҳамоиши Душанбе (видео)


Садҳо нафар аз 46 кишвари дунё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, то роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ кунанд, ки таҳдиди ҳарду зуҳурот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 3-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, 400 нафар намоянда аз кишварҳои мухталиф ва 30 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.

Томас Гремингер, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Владимир Воронков, муовини дабири кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ, Генри Эншер, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳузур доранд.

В Душанбе ищут новые пути для противодействия терроризму
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Рӯзе пештар аз нишасти байналмилалӣ дар Душанбе мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз таҷаммуи гурӯҳҳои ифротиву тундрав дар марзи Афғонистон нигаронанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфт, Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.

Раҳмоналӣ афзуд, ки ин вазъ ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақаро ба хотири таъмини амният тақозо мекунад.

XS
SM
MD
LG