Ссылки доступа

Дар яке аз вилоятҳои Ӯзбекистон кӯчагардии сокинон баъди соати 22:00 манъ шуд


Дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон шаби 30 апрел кормандони ҳифзи ҳуқуқ муштариҳои чойхонаеро бо номи "Ҷӯра" ба идораи милиса бура, баъдтар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданд.

Ба гуфтаи яке аз муштариҳои чойхона, онҳоро ба хотири вайрон кардани қарори раиси вилоят дар бораи манъи гашту гузори шабона ва чойхонашинии шабона ҷарима кардаанд. Дар маҷмуъ, 9 муштарии чойхона ҷарима шудааст.

"Шаби 30 апрел ман ҳамроҳи се дӯстам ба чойхона рафтем. Ғайриинтизор 8-9 корманди ҳифзи ҳуқуқ ворид шуданду моро ба идораи милиса бурданд. Онҳо гуфтанд, тибқи қарори раиси вилоят, баъд аз соати 22:00 кӯчагардӣ манъ аст", - мегӯяд яке аз ҷаримашудаҳо.

Ба гуфтаи вай, ҳар кадоме аз муштариҳои чойхонаро 50 маоши ҳадди ақал ҷарима карданд.

Дар идораи милисаи ноҳияи Яккабоғ ин иттилоъро тасдиқ карданд. Як корманди идораи мазкур ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, милисаҳо на ҳамаи муштариҳо, балки танҳо онҳоеро боздошт ва ҷарима мекунанд, ки машрубот нӯшида бетартибӣ менамоянд.

XS
SM
MD
LG