Ссылки доступа

Боғи ҷонварони чехӣ барои хирсбачаи Гул ном меҷӯяд (акс)


Баъди се соли зиндагии нав дар боғи ҷонварони шаҳри чехии Ҳлубока над Влтавоу, Гул – хирси нохунсафеди тоҷикӣ аз ҳамсари чехиаш Алтай писарча таваллуд кард. Ин нахустин фарзанди хирси тоҷикӣ аст, ки дар шароити Аврупо ва баъди се соли интиқоли Гул аз боғи ҷонварони Душанбе ба Чехия таваллуд шуд.

Иван Кубат, зоологи боғи ҷонварони "Оҳрада" дар шаҳри Ҳлубока над Влтавоу, ки соли 2015 дар овардани Гул ба Чехия шахсан иштирок кардааст, рӯзи 4 май гуфт: “Хирсбача 1 январи соли 2018 таваллуд шуд. Дар муддати се моҳи баъди таваллуди тифл аз рӯи муқаррарот мо ба ӯ наздик нашудем ва танҳо дар семоҳагӣ ӯ бори аввал аз ҷониби модар ба ҳавои тоза берун оварда шуд. Хирсбача таҳти назорати тиббӣ қарор дорад. Ҳоло вазнаш 7,5 кг буда, рангаш хокистарранг аст. Хирсбачаи солиму хушҳол аст ва дили ман мехоҳад, ки ба ӯ исми тоҷикӣ гузорем, то ки ҳама, аз ҷумла, тамошобинони боғи мо гузаштаву решаҳои ӯро бидонанд”.

Иван Кубат гуфт, ба раҳбарияти боғи ҷонварони “Оҳрада” бояд чанд номи тоҷикӣ пешниҳод шавад ва онҳо аз феҳристи умумӣ интихоб мекунанд, ки чӣ номе ба хирсбачаи навзод гузоранд.

Иван Кубат гуфт, модахирси дуюме, ки тобистони соли 2015 аз Тоҷикистон ҳамроҳ бо Гул оварда шуд – Зӯҳро ҳоло 19-сола аст. Ба гуфтаи зоолог, Зӯҳро нахост Алтайро ба шавҳарӣ қабул кунад ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ наздикӣ накард.

Зимнан, Алтай замоне аз боғи ҷонварони Екатеринбург ба ин ҷо оварда шуд, ба гуфтаи Иван Кубат, эҳтимол меравад, ки ӯ ҳам “решаҳои” тоҷикӣ дораду авлодҳояш аз Тоҷикистон мебошанд.

Гулу Зӯҳро - ду хирси тоҷикӣ танҳо намунаи нодири хирсҳои тиёншонӣ дар Аврупо ҳастанд, ки дар боғи ҷонварони чехӣ маскан гирифтанд. Ин ду хирс дар паи музокирот бо боғи ҷонварони шаҳри Душанбе ва баъди як саёҳати заминии 15-рӯза охири моҳи июли соли 2015 ба Чехия оварда шуданд. Роҳи интиқоли хирсҳо аз Тоҷикистон шурӯъ шуда, тавассути роҳи Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Литва, Лаҳистон ниҳоят дар Чехия тамом шуд. Ин хирсҳо бар ивази чор кенгуру бо боғи ҷонварони Душанбе табдил шуданд.

Хирсҳои нохунсафед, ҳамчун навъҳои нодири ҷонварон, таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ ва CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот қарор доранд. Тоҷикистон зери ин санад имзо нагузоштааст ва аз ҳамин хотир, таҳияи санадҳои иҷозатдиҳандаи берунории хирсҳо то ду сол тӯл кашид.

Маъмурияти Боғи ҷонварони "Оҳрада" боифтихор мегӯяд, ки хирсҳои нав малламӯ буда, аз оилаи хирсҳои тиёншонӣ ҳастанд, намунаҳояшонро танҳо дар боғҳои ҷонварони Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, ва инак шаҳри Ҳлубока над Влтавоу пайдо кардан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG