Ссылки доступа

Тошканд 9 майро бо шиллики бесобиқаи тӯпҳо пешвоз мегирад


Вазорати дифои Ӯзбекистон баъзе аз ҷузъиёти ин мушакпаронии идонаи бесобиқаи Тошкандро бахшида ба 9-уми май ошкор кард.

"Ҷамъан 42 шиллики тӯп дар назар аст. Тамоми техника ва дастгоҳҳо барои мушакпаронӣ омодаанд. Нахустин мушак соати 21:00 дар майдони "Наврӯз"-и Боғи миллии Ӯзбекистон партоб хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Мушакпаронии мазкур дар доираи чорабиниҳое сурат хоҳад гирифт, ки бахшида ба Рӯзи ғалаба дар пойтахти Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудаанд.

Ба ҷуз ин тамоми кӯчаву хиёбонҳо бо шиору овезаҳои бахшида ба Рӯзи ғалаба оро ёфта, дар тамоми Ӯзбекистон намоишгоҳи техникаҳои ҳарбии замони Ҷанги ҷаҳонии дувум баргузор карда мешавад.

XS
SM
MD
LG