Ссылки доступа

Макрону Путин дар Петербург масъалаҳои Украина, Сурия ва Эронро баррасӣ карданд


 урге
урге

Раҳбарони Фаронса ва Русия - Эммануэл Макрон ва Владимир Путин дар доираи форуми иқтисодии байналмилалии Петербург дидору гуфтугӯ карданд. Ҷонибҳо масоили марбут ба ҷиноятҳои киберӣ ва иҷрои қарордоди Минск барои ҳалли низоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот, ки се соат идома ёфт, бурунрафти ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон низ баррасӣ шуд. Макрон гуфт, бояд шароитеро фароҳам сохт, ки Теҳрон уҳдадориҳои худро дар доираи созишнома иҷро кунад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ бояд коре кунанд, ки ширкатҳояшон бо вуҷуди таҳримҳои ИМА дар Эрон бимонанд.

Раҳбарони Фаронса ва Русия ба мавзуи Сурия низ дахл карда, Макрон гуфт, дар ҳалли низои он бояд тамоми қудратҳои минтақаӣ иштирок кунанд.

Макрону Путин созишномаи ҳамкории Русияву Фаронсаро дар бахши мероси фарҳангӣ ва истифодаи осоиштаи энержии атомӣ имзо карданд. Ба гуфтаи Макрон, Порису Москва бояд равиши чандҷониба ба муносибатҳои байналмилалиро ҳифз кунанд. Вай афзуд, нақши назарраси Русияро дар баъзе аз масъалаҳои байналмилалӣ мешиносад.

XS
SM
MD
LG