Ссылки доступа

Лондон санҷиши манбаи дороиҳои русҳоро пурзӯр мекунад


Оҷонси миллии мубориза бо ҷиноятҳои Бритониё тафтишҳои сартосариро зидди шаҳрвандони Русия пурзӯр мекунад, ки эҳтимол аст, дороии бархеи онҳо ба ҳабс гирифта шаванд. Ба иттилои нашрияи The Sunday Times, сухан дар бораи олигарх ва миллионерҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин меравад.

Дар натиҷаи муборизаҳои мақомоти Бритониё зидди "пулҳои ифлос" эҳтимол аст, дороиҳои 130 нафар ба ҳабс гирифта шаванд.

The Sunday Times дар ин бора бо истинод ба раҳбари шуъбаи қонуншиканиҳои иқтисодӣ ва ҷинояткорӣ дар фазои киберии оҷонсӣ Доналд Тун иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи Тун, вазифаи ниҳоди ӯ "мубориза бо элитаи фасодкорон ва ошкор кардани даромадҳои ғайриқонунии онҳост". Вале вай мегӯяд, муфаттишони оҷонсӣ ҳадафи худро аз рӯи шаҳрвандӣ муайян намекунанд.

Манбаи нашрия гуфт, як қисми афроде, ки зери заррабини Оҷонси миллии мубориза бо ҷинояткориҳои Бритониё қарор гирифтанд, шаҳрвандони Русия ё шахсони наздик ба Путинанд.

Қонунгузории Бритониё аз гумонбарони ҷиноятҳои вазнин талаб мекунад, манбаи дороии худро, ки аз 50 000 фунт стерлинг бештар аст, шарҳ диҳанд.

Ба гуфтаи мақомоти Бритониё, санҷиши манбаи дороиҳои соҳибкорони рус баъд аз қазияи заҳролудшавии афсари пешин Сергей Скрипал оғоз шуда, ба фаъолияти режими президенти Русия рабт дорад.

XS
SM
MD
LG