Ссылки доступа

Ноиб-вазири энержии Қазоқистонро дар фасодкорӣ айбдор мекунанд


Бакитҷон Ҷаксалиев, муовини вазири энержии Қазоқистон бо гумони фасодкорӣ боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Дар ин бора оҷонсии умури хизмати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Қазоқистон хабар медиҳад.

Нурлан Жахин, як масъули ниҳоди мазкур гуфт, Ҷаксалиев дар соли 2015 қонуншиканӣ кардааст. Вай аз мақоми давлатиаш сӯистифода карда, манфиатҳои ширкати пудратчии "Аймак ва К"-ро бароварда сохтааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Ҷаксалиев ба ин тартиб, ба давлат бештар аз 2,5 миллион доллар зарар овардааст.

"Ҷаксалиев санадҳои иҷрошавии корҳоро ба маблағи 863 миллион танга имзо кард, дар ҳоле, ки медонист ин нишондод аз арзиши аслӣ 30 маротиба бештар аст", - гуфт Нурлан Жахин.

Бакитҷон Ҷаксалиев аз соли 2014 ба ин тараф муовини вазири энержии Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG