Ссылки доступа

Путин низои Донбассро бо ҷанги Чеченистон муқоиса кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин ҷанги Донбассро бо ҷанги Чеченистон муқоиса кард. Ӯ гуфт, Киев барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина бояд ба минтақаи ҷудоихоҳон мақоми худмухторӣ диҳад. Тавре ки ба гуфтаи ӯ, Москва дар вақташ ба Чеченистон дода буд.

Путин пеш аз сафараш ба Вена дар суҳбат бо телевизиони ORF-и Австрия баргаштани нимҷазираи ишғолии Қрим ба ҳайати Украинаро аз эҳтимол дур донист. “Ин гуна шартҳо нест ва нахоҳад шуд”, - изҳор дошт ӯ. Вай таҳқиқи суқути ҳавопаймои “Боинг” дар Донбассро дар соли 2014 шарҳ дода, бори дигар иддаои гуруҳи муфаттишони байналмилалиро, ки мегӯянд, ҳавопаймо бо “Бук”-и Русия сарнагун шудааст, рад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, иддаоҳо дар бораи он ки гӯиё тайи солҳои раҳбарияш
Русияро ба як давлати худкома табдил додааст, асос надоранд. “Ин комилан нодуруст аст. Мо давлати демократӣ дорем ва дар асоси Конститутсияи амалкунанда зиндагӣ мекунем”, - афзуд Путин.

Президенти Русия тахминзаниҳо дар бораи онро ки гӯё дар Русия барои лағви маҳдудияти давраи президентӣ раъйпурсӣ баргузор карда мешавад, “ҳаннотӣ” номид. “Ман ҳаннотиро шарҳ намедиҳам. Фикр мекунам, ин гуна суолҳо дар сатҳи президенти Русия нестанд”, - изҳор дошт ӯ.

Владимир Путин 5 июн дар доираи як сафари расмӣ вориди Вена шуда, бо раҳбарияти Австрия дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG